Баргузории амалиёти муштараки ҳизбӣ, таҳти унвони "Соати сиёсӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳияи Дӯстӣ, Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Соати сиёсӣ" баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, донистани таърихи давлату миллати худ ва эҳтиром ба мактабу омӯзгор мебошад.
Ташаббуси "Соати сиёсӣ" дар Гимназияи давлатии ноҳияи Дӯстӣ низ баргузор гардид, ки дар рафти он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоиров Саймухтор иштирок намуда доир ба мавзӯъҳои  "Тоҷикистон ватани азизи ман" ва "Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон" бо хонандагони синфи 11 суҳбат намуданд.