Вусъати корҳои ободонӣ дар деҳот.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дӯстӣ:  Дар доираи корҳои ободонӣ вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд.

Чунин иқдом аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи "Бадахшон" Бурҳонов Раҳмиддин доимо дастгирӣ ёфта бо саҳмгузории сокинон ва соҳибкорон ин навбат кӯча ва ҷойи ҷамъиятии деҳаи Бадахшон бетонпуш гардонида шуд.

Қайд кардан лозим аст, ки соли гузашта бо ташаббуси Бурҳонов Раҳмидин ва дастгирии сокинони деҳаи Бадахшон ва бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, муҳтарам Миралиён Қиёмиддин зиёда аз ду километр роҳҳои дохилӣ сангфарш гардида буд.