Беҳтар гардонидани хизматрасонии тиббӣ дар деҳот

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем" бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Абдуллоев Раҷаббек ва саҳмгузории шахсони саховатпеша дар деҳаи Кӯҳдомани Ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон як бунгоҳи тиббии замонавӣ бунёд гардида истодааст.

Зимни суҳбат бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз ташаббускорони бунгоҳи тиббӣ иброз доштанд, ки иншооти мазкур аз чор утоқи корӣ иборат буда, баъд аз истифода додани он аҳолии деҳа ба маркази ноҳия ва ҷамоат нарафта дар деҳаи худ ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта мешаванд. Дар амалишавии иқдоми мазкур саҳми сокинони деҳаи Кӯҳдоман низ назаррас аст.