Баргузории амалиёти "Рӯзи ёдоварӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар оромгоҳи деҳаи Зафарободи Ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти умумивилоятии "Рӯзи ёдоварӣ" баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, масъулини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ташкилоти ибтидоии "деҳаи Зафаробод" ва аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ фаъолона иштирок намуданд.
Сараввал, имомхатиби деҳа дар ҳаққи гузаштагони ин макон дуои хайр хонда, баъдан иштирокдорон дохил ва атрофи оромгоҳро аз алафҳои хушкидаю бегона тоза карда, ба дарахтон об доданд.