Аксияи ҳизбии "Як рӯзи тозагӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар якҷоягӣ бо бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дӯстӣ  дар Ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҳизбии "Як рӯзи тозагӣ" гузаронида шуд.

Дар ин ташаббуси ҳизбӣ раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз, кормандони масъули бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ ва масъулини Ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 10 нақлиёти боркаш ва 2 нақлиёти борбардор ҷалб гардид. Ин навбат партовгоҳе, ки солҳои зиёд ҷамъ гардида буд ва бӯи ғализаш дар фасли тобистон атрофро иҳота карда буд, пурра тоза карда шуд.