Аксияи ҳизбии "Як рӯзи тозагӣ" дар маҳал

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия шанбегӣ эълон гардида буд.
Иқдоми мазкурро ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дастгирӣ карда,  аксияи ҳизбиро зери унвони "Як рӯзи тозагӣ" баргузор намуданд. Иштирокдорон назди ташкилоту идораҳо, кӯчаҳо ва хонаҳои истиқоматиро аз алафҳои бегона ва ҳар гуна партовҳо тоза карда, девор ва дарахтонро сафед намуданд.
Дар ин чорабинӣ саҳми Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дӯстӣ низ назаррас буда, имомхатибон  ҳам ба ҳашари тозагӣ баромаданд.