Аксияи ҳизбии "Як рӯзи тозагӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар маркази Ҷамоати шаҳраки 20 солагии ИҶТ, аксияи ҳизбӣ зери унвони "Як рӯзи тозагӣ" баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз, Раиси Ҷамоати мазкур, Абдуллоев Раҷаббек, аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "ЛКТ"-ноҳияи Дӯстӣ, кормандони ҷамоат ва дигар аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуданд.
Иштирокчиёни аксия, кӯчаҳои марказии Ҷамоати шаҳраки 20 солагии ИҶТ-ро,  алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда, дарахтонро ба тартиб дароварданд.