Маъюбону ниёзмандон зери таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд.н

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ,  ба ду нафар маъюби гурӯҳи якум нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500(панҷсад) сомонӣ ба ҳар кадоми онҳо таъин карда шудааст.

Аз ҷониби Раис ва дигар кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, нафақаи онҳо аввали ҳар моҳ дар манзили зисташон таъмин карда мешавад.
Шафиева Рузигул ва Муродов Фаррух, ки ҳарду маъюби гурӯҳи якум мебошанд, аз ин иқдоми ҲХДТ, хеле хушнуд буда ба Роҳбарияти олии ҲХДТ миннатдории худро баён менамоянд.