ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН

Дӯстӣ:  

Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, аз тарафи кормандони масъули Кумита, суҳбату вохуриҳо бо сокинон бо усули хона ба хона вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва захираи дусолаи маводҳои ғизоӣ дар ҳудуди деҳаҳои ноҳия идома дорад. Чунин иқдом ин навбат дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод амалӣ гардид.
Имрӯз вазифаи ҳар як фаъоли ноҳия фаҳмонидани муҳтавои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сари вақт гузаронидани кишти такрорӣ ба ҳар як оила мебошад. Сокини деҳаи Дӯстии Ҷамоати Деҳқонобод, Солиев Одилҷон ҳамроҳи оилааш, замини наздиҳавлигиашро самаранок истифода бурда дар як сол се маротиба зироати кишоварзӣ кишт карда ҳосили хуб ба даст меорад.
Номбурда қайд намуд, ки қариб ҳамаи маҳсулотҳои кишоварзиро дар замини наздиҳавлигиаш кишт карда, дар рӯзгори оилааш истифода мебарад ва боқимондаашро ба бозор мебарорад. Солиев Одилҷон ҳамроҳи ҳамсару фарзандонаш аз ҳосили помидор, бодиринг ва сирпиёзи замини наздиҳавлигиашон барои зимистон захира менамоянд.
Мавсуф қайд намуд, ки то охири моҳи июл ҳосили бодирингу помидор ва лубиёгиҳоро ҷамъоварӣ карда кишти сеюмро мегузаронанд. Ба ғайр аз ин дар як қисми заминаш боғ бунёд карда, айни ҳол дарахтони себ, шафтолу, нок, анҷир ва бодом ҳосили хуб доранд.