Идомаи баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ.

Дӯстӣ:  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома доранд. Чунин маҷлис дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Зафаробод" баргузор гардида, дар кори он мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Олимов Иброҳим иштирок намуд. Тибқи рӯзномаи маҷлис нахуст Завқиев Музаффар, раисиТИ  "Зафаробод" оид ба фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ маълумотдод.

Баъдан, аъзои ҳизб Музаффар Завқиевро аз нав раиси ташкилоти мазкур интихоб намуданд. Ҳамчунин, дар идомаи маҷлис аъзои ТИ "Зафаробод" вакили худро барои иштирок дар Конференсияи ноҳиявии ҳизбӣ пешниҳод намуданд. Дар фарҷоми маҷлис Олимов Иброҳим баромад карда, оиди масъалаҳои рӯзмарра, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ ибрози андеша намуд.