МАДАНИЯТИ ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН

Дӯстӣ:  

 

       Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, аз ҷониби кормандони масъули Кумита, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва захираи ғалладонагиҳо дар ҳудуди деҳаҳои ноҳия идома дорад. Чунин иқдом ин навбат дар деҳаи Озодии Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод доир карда шуд.
Имрӯз вазифаи ҳар як фаъоли ноҳия фаҳмонидани муҳтавои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сари вақт гузаронидани кишти такрорӣ ба ҳар як оила мебошад.
    Сокини деҳаи Озодӣ, Насриддинов Абдуманон, дар замини наздиҳавлигиаш дар масоҳати 4-садяк гармхона сохта дар он дарахти лиму парвариш мекунад, ки ду сол мешавад ҳосил медиҳанд. Ҳамчунин дар байни қаторҳои дарахтони лиму помидор, бодиринг ва қаламфури булғорӣ кишт кардааст.
Ба ғайр аз ин дар як қисми заминаш боғ бунёд карда айни ҳол дарахтони себ, шафтолу, нок, анҷир ва бодом ҳосили хуб доранд.  Номбурда зикр кард, ки зиндагиаш пурра аз ҳисоби замини наздиҳавлигӣ ва 1-га замини хоҷагии деҳқониаш пеш меравад.
Насридинов Абдуманон мегӯяд, ки мо бояд маданияти истифодабарии заминро донем ва маҳсулот ё меваҷотеро парвариш кунем, ки ақалан онро аз 6 моҳ то 1 сол нигоҳ дошта тавонем.