КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӢ

Дӯстӣ:  

 

         Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида вобаста  ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва захираи маводи ғизоӣ барои ду соли оянда, ки зимни сафари кориашон ба ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ ва Данғара иброз доштанд, суҳбату вохуриҳо бо сокинони ноҳия баргузор гардид.  Мақсад аз баргузор намудани чунин вохӯриҳо фаҳмонидани муҳтавои  дастуру супоришҳо ба ҳар як оила мебошад ва чунин вохӯриҳо низ бо сокинон ва фаъолони Ҷамоати шаҳраки 20-солагии ИҶТ,  баргузор карда шуд.
 Дар кори маҷлис,  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов А, муовини якуми раиси ноҳияи Дӯстӣ, Ибодуллозода А,  Сардори раёсати кишоварзии ноҳия Ҳоҷияров К ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор иштирок доштанд.
Мақсад аз баргузории ин вохурӣ аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи корӣ  ва фаъолони ҷамоат расонидани муҳтавои муроҷиатномаи Пешвои миллат ба ҳар як оила ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин мебошад.  Ҳамчунин қайд гардид, ки хошок ва баргу пояҳои зироатҳо ҳамчун хӯроки чорво, барои зимистон захира карда шавад.