Вохуриҳо ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ.

Дӯстӣ:  

 Вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва захираи маводи ғизоӣ барои ду сол, ки зимни сафари кориашон ба ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ ва Данғара иброз доштанд, сӯҳбату вохӯриҳо бо аҳолии деҳот идома доранд. Дар чунин як вохӯрӣ бо сокинону фаъолони Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод масъалаҳои марбут ба захираи кофии маҳсулоти ғизоӣ матраҳ гардид. 

Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини якуми раиси ноҳия Ибодуллозода А , Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов А Сардори раёсати кишоварзии ноҳия Ҳоҷияров К ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ намуданд.  Мақсад аз баргузории ин вохурӣ аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи корӣ  ва фаъолони ҷамоат расонидани муҳтавои ин муроҷиатнома ба ҳар як оила ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин арзёбӣ мегардад.