ТИ ҳисобот медиҳанд.

Дӯстӣ:  

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ бо маром идома дорад. Ҳамин гуна маҷлис дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои "Дӯстӣ" ва "Якабед"-и Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоиров Саймухтор иштирок намуд.
Саравал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Якабед"  Ҳакимова Муҳаббат ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Дӯстӣ" Бозоров Зоиршо аз фаъолияти худ ҳисобот доданд. Қайд гардид, ки сокинони деҳаҳои Дӯстӣ ва Якатол тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оиди захираи дусола ва самаранок истифода бурдани замин амал карда, дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқониашон пурра кишти такрорӣ гузаронидаанд.
Дар идомаи маҷлис тибқи муқаррарот раисони ташкилотҳои ибтидоии деҳаҳои мазкур аз нав интихоб гардиданд.


 Дар фарҷоми маҷлис Зоиров Саймухтор дар назди ҳозирин баромад карда, оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва дар ин самт бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ибрози андеша намуд.