Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ТИ "Озодӣ"

Дӯстӣ:  

 

Дар доираи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ идома дорад. Чунин маҷлис дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Озодӣ"-и Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод  баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Олимов Иброҳим иштирок намуд.

Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Озодӣ" Тоҳир Ҳабибов оид ба фаъолияти ташкилот ҳисобот дод. Мавсуф иброз дошт, ки сокинони деҳаи Озодӣ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу Ваҳдати миллӣ, тинҷию оромӣ аҳлона заҳмат кашида, дар ободии маҳал ва ҷамоат саҳми худро мегузоранд.

Баъдан, тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаи интихоби раиси ташкилот баррасӣ шуда, ҳамин тавр, бо тарафдории аъзои ҳизб Зиёдуллоев Карим, раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи "Озодӣ" интихоб карда шуд.
   Дар фарҷоми маҷлис Олимов Иброҳим баромад карда, доир ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, таъмири мактаб ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ суҳбат намуд.