Оғози таъмири муассисаҳои таълимӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

      Дар ноҳияи Дӯстӣ, таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бунёду азнавсозии синфхонаҳои иловагӣ идома дорад. Вобаста ба ин  аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ тасмим гирифтаанд, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи падару модарони муассисаҳои таълимӣ дар таъмиру корҳои ободонии муассисаҳои таълимӣ саҳми худро гузоранд.

Аз ҷумла, бо иштироки аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ айни замон таъмири ҷории синфхонаҳои МТМУ №8 ба анҷом расонида шуда, ташаббускорон азм доранд, ки рӯзҳои наздик қисми берунии бинои мактабро низ  таъмиру рангубор намоянд.