Амалиёти ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани дохил ва атрофи оромгоҳҳо, дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, якшанбеи охири ҳар моҳ Амалиёти умумивилоятии "Рӯзи ёдоварӣ" гузаронида мешавад.Чунин иқдом дар оромгоҳи деҳаи Шаҳдрез ва Гулободи Ҷамоати деҳоти Ҷиликул баргузор гардид. 


Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз, Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Шаҳдрез, Суфиев Талбон, имомхатиб аъзоёну ҷонибдорони  ҲХДТ, ва сокинони деҳаи Шаҳдрез фаъолона иштирок намуда дохил ва атрофи оромгоҳро аз алафҳои бегона тоза намуданд.