"Мактаби ман" - ташаббус барои дастгирии муассисаҳои таълимӣ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман" вохӯриҳои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Дӯстӣ доир гардида истодааст. Мақсад аз баргузории ин ташаббус, ҷалби хатмкардагони муассисаҳо, шахсони саховатпеша, барои ободонию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ мегардад. 
Аз ҷумла, чунин як чорабинӣ дар МТМУ-10-и деҳаи Лаби дарё,  Ҷамоати деҳоти Г.Гулмурод бо ҷалби собиқ хатмкардагони муассисаи таълимӣ баргузор гардид. Зимни суҳбат дастпарварони муассисаи мазкур ҳамзамон аз вазъи имрӯзаи бинои муассиса ошноӣ пайдо карда, назди худ мақсад гузоштанд, ки дар таъмири  ҷории синфхонаҳо ва қисми берунии бинои мактаб саҳми худро мегузоранд.