Ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

 Бо мақсади ҳавасманд гардонидани шахсони саховатпеша ва нафарони дорои имконияти хуби молиявӣ ва ҷалби онҳо барои дастгирӣ намудани муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Дӯстӣ ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман"  идома ёфта ситодааст. Аз ҷумла, дар чунин як вохӯрӣ бо хатмкунандагони соли 1991-1992  МТМУ-5-и деҳаи Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл масъалаи саҳмгузорӣӣ дастпарварони муассиса дар корҳои ободонии мактаби худ матраҳ гардид. Зимни вохӯрӣ собиқ хатмкуннадагони МТМУ №5 иброз доштанд, ки дар апйравӣ аз иқдомҳои созандаи ПЕшвои муаззами миллат онҳо низ тасмим гирифтаанд, ки бунёди 4-синфхонаи иловагии сохтмонаш нотамомро идома дода, то соли нави хониш ин синфхонаҳоро мавриди истифодаи хонандагони МТМУ №5 қарор диҳанд.