Тозагӣ гарави саломатӣ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти "Деҳқонобод" дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аксияи ҳизбии "Тозагӣ гарави саломатӣ" баргузор карда шуд.

Дар доираи аксияи мазкур як қатор Волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ   ва ҷавонони фаъол ба ҳашар баромада, муҳити атроф ва назди биноҳои маъмуриро аз алафҳои бегона ва ҳар гуна партовҳои пластикию селофанӣ тоза намуданд. 

Тавре, ки ташаббускорон иброз доштанд, давоми ҳафтаи арвон инчунин иқдомҳои хайрхоҳонаро дар дигар кӯчаву маҳаллаҳои деҳоти мазкур идома хоҳанд дод.