Дӯстӣ: Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯзҳо дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома доранд.
Яке аз ташаббусҳое, ки сокинони ноҳия дар назди худ мақсад гузоштаанд ин мумфаршкунӣ, сангфаршкунӣ ва чароғонкунии роҳҳои маҳаллӣ мебошад.
Чунин иқдом имрӯз дар деҳаи Деҳқонбод-и Ҷамоати деҳоти Деҳқонбод ба роҳ монда шуд.
Бо ташаббуси сокинони деҳаи мазкур, соҳибкор Қаюмов Озодбек ва дигар шахсони саховатпешаи деҳа зиёда аз 700 метр роҳҳои дохили деҳа мумфарш карда шуд.
Дар ин кор саҳми раиси МНДРА ноҳияи Дӯстӣ, Атовуллоев Хайриддин ва кормандони ин муассиса низ назаррас буда бо истифода аз техникаҳои ин муассиса мумфаршкунӣ бо сифати баланд иҷро карда шуд.
ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АМАЛӢ МЕГАРДАНД
Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ