ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИРО ОҚИЛОНА ИСТИФОДА БУРДАН ЛОЗИМ

Дӯстӣ:  

  Дӯстӣ:   Дар асоси Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини корам, аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона баргузор гардида истодааст.
  Чунин иқдом имрӯз аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Ҷиликул доир карда шуд.
  Ҳангоми суҳбат бо сокинони деҳаи мазкур, оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ташвиқ намудани ҷавонон ба иломӯзию интихоби касб ва риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" фаҳмонида шуд.
  Ҳамчунин вобаста ба оқилона истифода бурдани замин ва гирифтани се ҳосил аз як қитъаи замин аз таҷрибаи сокини деҳаи Ваҳдат, Абоилов Бахтиёр дидан карда шуд.
Шахси мазкур дар қитъаи замини наздиҳавлигиаш, кишти тирамоҳии картошка, сабзӣ, турб, пиёзи бехӣ ва шалғамча намудааст, ки нашъунамои хуб доранд.
Абоилов Бахтиёр мегуяд, ки ҳарчанд замини наздиҳавлигиаш хурд бошад ҳам, аммо ҳосили зироатҳои кишткардааш барои як соли оилааш мерасад.  Номбурда қайд намуд, ки дар кишти баҳорӣ дар ҳамин қитъаи замин ҷуворимаккаи дон, помидор ва қаламфури ширин корида буд ва ҳосили хуб низ ба даст овардааст.