САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН БОИСИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ МЕГАРДАД.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Дӯстӣ: Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва ба ин васила таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо деҳқонону заминистифодабарандагон пайваста суҳбату вохуриҳо баргузор карда мешавад.

Дар ин суҳбату вохуриҳо мақсад ва муҳтавои самаранок истифода бурдани замин ва гирифтани ду се ҳосил аз як қитъаи замин ба онҳо фаҳмонида мешавад.

Имрӯз аз ҷониби мутахассиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Раҳмонов Сайнабӣ дар якҷоягӣ бо раиси маҳаллаи деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти ба номи Г.Гулмуродов бо як қатор роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи мазкур чунин суҳбату вохурӣ гузаронида шуд.

Деҳқонони деҳаи Гулистон дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода мебаранд.

Хоҷагидорони деҳаи мазкур асосан боғпарварӣ намуда хусусан шафтолу, зардолу, себ, анор, олу, нок ва дигар дарахтони мевадиҳандаро бунёд намудаанд.

Ҳамзамон дар самти кишти зироатҳо аз қабили пахтакорӣ, зироатҳои ғалладонагӣ, гандум, ҷуворимаккаи дон, полезиҳо, картошка ва дигар сабзавотҳо низ муваффақ мебошанд.

Ҳангоми дидан намудан аз хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Гулистон маълум гардид, ки хоҷагидорон ва сокинони маҳал заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро самаранок истифода бурда дар як сол ду ва се ҳосил гирифта дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Раиси маҳаллаи деҳаи Гулистон, Иноятов Собироҷон мегӯяд ин ҳама шароитҳои хуб аз баракати Истиқлолият ва талошу заҳматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Танҳо мо шаҳрвандон ва деҳқононро лозим аст, ки меҳнат кунем, заҳмат кашем ва оилаву ватанамонро худамон обод созем.