БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ДЕҲОТИ "ДАНДОНПИЗИШК"

Дӯстӣ:  

Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Дӯстӣ имрӯз санаи 14 июни соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти “Дандонпизишк” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ гузаронида шуд. Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Зоҳирзода Саймухтор иштирок намуд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Дандонпизишк" Джумаев Яғмир кушода оғоз намуд. Дар маҷлис масъалаҳо доир ба ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ, дар бораи аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии "Дандонпизишк" дар бораи интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ, дар бораи интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

Дар аввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои давраи оянда, шунида шуд.

Ҳамзамон дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди баррасӣ қарор дода шуда нисбати ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Сипас муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Зоҳирзода Саймухтор баромад намуда ҳозиринро бо ҷашни дар пешистода 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуд. Ҳамзамон оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои ҲХДТ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Инчунин аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, баён доштанд, ки моро мебояд дар меҳвари сиёсии мактаби сулҳовари Сарвари давлат ҷамъ омада, саҳми худро дар корҳои созандагию ободонии кишвари азизамон зери шиори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” фаъолона гузорем.