Бунёди синфхонаҳои иловагӣ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем" аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Деҳаи Ваҳдат"-и Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл, сохтмони 6 адад синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №5 идома дорад.

Зимни сӯҳбат аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Муҳтарам Миралиён Қиёмиддин Абдусаломзода бо Раиси ташкилоти ибтидоӣ Давронов Муродалӣ, амали сокинони деҳаи Ваҳдатро шоистаи таҳсин хонданд.

Дар навбати худ Раиси ноҳияи Дӯстӣ, муҳтарам Нишонзода Даврон  қайд карданд, ки барои таъмин намудани муассиса бо лавозимоти хониш ёрии амалии худро мерасонанд.