ИДОМАИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД БО СОКИНОНИ МАҲАЛ

Дӯстӣ: Созандагони ватан  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои якҷояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ,  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва бо мақсади расонидани мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолӣ, моҳияти эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат  ба мардум, дар деҳаву маҳаллаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ  аз ҷониби  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор сӯҳбату вохуриҳо бо сокинон баргузор гардида истодааст.

   Чунин суҳбату вохурӣ санаи 17.04.2024, бо иштироки муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ, Мирзосафарзода Шамсиддин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор, раиси Ҷамоати деҳоти Нури Вахш, Турдиев Амондавлат ва мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, Исмоилов Исматулло бо сокинони деҳаи ба номи Лоиқ Шералии  Ҷамоати деҳоти Нури Вахш баргузор карда шуд.
   Сараввал муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ Мирзосафарзода Шамсиддин, баромад карда мақсади вохурии имрӯзаро ба ҷамъомадагон фаҳмониданд.  Номбурда қайд кард, ки чунин вохӯриҳо дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои ноҳия баргузор карда шуда, мақсад аз баргузории ин вохӯриҳо фаҳмонидан ва шарҳу тавзеҳ додани  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани соли 2024, ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" мебошад.
   Мавсуф аз фурсати муносиб истифода бурда ба масъулон, фаъолон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Нури Вахш, барои дар рӯзи аввали даъват иҷро намудани нақшаи сафарбаркунии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ миннатдорӣ баён намуд.
   Зимни сӯҳбат муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Зоҳирзода Саймухтор ба ҳозирон иброз дошт, ки фарзандҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва меҳнатдустӣ тарбия намоем.  Робита ва ҳамкории Кумитаи  падару модарон бо мактаб  зич карда шавад.  Ҳамчунин қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро донем ва риоя намоем.
Ҳамзамон иброз дошт, ки ҷавонон метавонанд ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафта дар ватани худамон дар иншооти бузурги аср Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" рафта кор карда бо маоши хуб, ҷои хоб ва хӯроки гарм таъмин мегарданд.
   Сипас раиси Ҷамоати деҳоти Нури Вахш, Турдиев Амондавлат  баромад карда вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.  Номбурда оид ба ҳифзи муҳити зист, шинонидани дарахтони мевадиҳандаву сояафкан, сарсабз гардонидани диёр, гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини кишоварзӣ ибрози андеша намуд.