АМАЛИШАВИИ НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ДӮСТӢ:  Дар асоси Нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии таъсисёбии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда истодааст.
      Имрӯзҳо дар байни Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бахшида ба ин ҷашн сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда ва дар ҷойҳои намоёни ҳудуди ноҳия баннеру овезаҳои таблиғоти овезон карда шуда истодаанд.