АКСИЯИ ҲИЗБИИ ЗЕРИ УНВОНИ "ОБОДКОРИ МАРОМИ МОСТ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Дӯстӣ, аъзои фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.           

Имрӯз дар ташкилоти ибтидои ҳизбии "Беморхонаи марказӣ" тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Дӯстӣ, бо иштироки Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Олимов Иброҳим  аз ҷониби аъзоёни ҳизб барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи беморхона Аксияи ҳизбии "Ободкори мароми мост" яъне тоза намудани гирду атрофи беморхона  баргузор гардид.
Аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур дар ҳамбастагӣ бо кормандон бо меҳнати софдилона атрофи гулҳову дарахтони беморхонаро нарм карда ва ба онҳо об доданд. Инчунин гирду атрофи корхонаро ободу зебо гардониданд.Ин иқдом аз ҷониби Ташкилоти ибтидои мазкур дар оянда низ идома хоҳад ёфт.