ТАЪСИРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Дӯстӣ: Вокуниш  

Террорист-субъект, терроризм сиёсат ва террор воситаи ба амалбарории ин сиёсат аз ҷониби субъект аст. Ҳадафи асосии терроризм пеш аз ҳама ба вуҷуд овардани тарсу ҳарос дар мамлакат ва амалӣ намудани мақсаду мароми нопокашон мебошад. Шояд саволе ба миён меояд, ки чаро маҳз дар солҳои охир масъалаи терроризм диққати давлатҳои абарқудратро ба  худ ҷалб мекунад. Мисоли ин гуфтаҳо яке аз давлатҳои абарқудрате, ки маҳз дар ташкили гурӯҳҳои террористӣ гумонбар дониста мешавад, ин ИМА мебошад. Аз руйи тадқиқоти олимони хориҷӣ буҷаи умумӣ дар соҳаи террор ҳамасола аз 5 то 20 милиард доларро ташкил медиҳад, ки ин ба пастшавии иқтисодӣ оварда мерасонад. Гурӯҳҳои террористӣ дини мубини исломро ҳамчун восита барои амалӣ намудани ҳадафҳояшон истифода мебаранд.

Баъд аз амалиёти террористии 11 сентябри соли 2001 ва амалиёти дигар, ки бо номи Усома бини Лодан, ки роҳбарии гурӯҳи террористии "Ал-қоида"-ро ба зимма дошт, ба мо маълум аст, ки дар ҷаҳон бештар дар бораи терроризми исломӣ ҳарф мезананд. Ба монанди гурӯҳи террористии" Ал-қоида "дигар созмонҳову гурӯҳҳои террористӣ вуҷуд доранд, ки тақрибан шумораашон ба 500 адад мерасанд.
Таъсири манфии амалиётҳои террористӣ аз байн бурдани сулҳу субот ва несту нобуд кардани табақаҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Мисоли ин гуфтаҳоро мо дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Фаластин ва Афғонистон инчунин гурӯҳи террористии "Толибон" дида метавонем, ки дини мубини исломро ҳамчун объект истифода бурда, бештар ҷавононро ба худашон ҷалб мекунанд. Ба ин гурӯҳҳо бештар зархаридони хориҷӣ шомиланд.

Амали террористон, ки одамрабоӣ, қочоқи узвҳои бадани инсон, таркондани ҷойҳои серодам, куштани шахсони мансабдори давлатӣ, ҳуҷум кардан ба мақомотҳои давлатӣ ва монанди инҳо мебошанд, ки ин бешубҳа таъсири худро ба давлат ва иқтисодиёту пешрафти давлатдорӣ мерасонад. Инчунин терроризм фаъолиятест, ки баҳри гуногунандешӣ дар ҷомеа ва аз байн бурдани сулҳу субот ва оромӣ фаъолият мекунад. Терроризм дар шаклҳои гуногун амал мекунад; таҳдидҳо дар вақти муборизаи сиёсӣ, рабудани ходимони давлатӣ, озод намудани маҳбусони сиёсӣ, душманиву иғво андохтан байни одамон ва паст намудани эътибори ҳокимият мебошад.
Падидаи номатлуби дигаре, ки солҳои охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, экстремизм мебошад. Ин масъала ба кишвари мо низ беаҳмият буда наметавонад, зеро кишвари мо низ узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Ҷиноятҳое, ки ба муқобили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дигаргун намудани сохтори конститутсионӣ ва низомӣ сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд, аҳамияти экстремистӣ доранд. Экстремизм дар якчанд шакл дар ҷамъият ҳастӣ дорад; экстремизми динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, ахлоқӣ ва зиддиҷаҳонишавӣ. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани чунин падидаҳои номатлуб дар замони муосир пеш аз ҳама дур будан аз маърифати худшиносии миллӣ, нокифоя будани таълиму тарбияи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудан ба гурӯҳҳои террористӣ мегардад. Бинобар ин ҳар яки мо ҳамчун узви ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пойдории сулҳу субот, баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ, тарбияи насли наврас, таҳким бахшидан дар ободкориву созандагӣ, меҳнати софдилона ва ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти кишварамон саҳмгузор бошем.

Муҳосиби асоси оид ба маблағҳои пасандози Амонатбонк дар филиали ноҳияи Дӯстӣ  

Маҳмадшарифзода Ҷамшед