ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

19марти соли равон баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни "Наврӯзи байналмилалӣ" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти "Гарди Гулмуродов", ки роҳбарии онро Назарова Муаззама ба уҳда дорад Аксияи "Тозагии соҳил" бо иштироки аъзоён ва ҷонибдорони  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ  баргузор гардид

Бо ин иқдом заҳбуру заҳкашҳои ҳудуди деҳаҳои Намуна ва Лабидарёи Ҷамоат аз партовҳо тоза карда шуданд. Дар баргузории  ин Аксия зиёда аз 80 нафар шаҳрвандони ноҳия  иштирок намуданд, ки баҳри тозагию хуррамгардонии маҳали зист саҳми худро гузоштанд.