ХОИНОНИ МИЛЛАТ АЗ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ҲАМ БАДТАРАНД

Дӯстӣ: Вокуниш  

 Дастовардҳои бузургеро, ки то имрӯз миллати тоҷик ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар партави роҳбарии хирадмандонаи Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, ҳеҷ шахси солимфикр инкор карда наметавонад. Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол  талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат ҳар чӣ бештар саҳми худро гузоранд. Аммо баъзе нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии давлати азизамонро дида наметавонанд ва кӯшиш доранд, ки онро халалдор созанд. Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли 32 сол хело зиёданд, ки ин пешравию шукуфоии Ватанро бархе аз бадхоҳони миллат, хоинону ватанфурӯшон ва душманони хориҷии миллату давлати Тоҷикистон ва хоҷагони бурунмарзӣ дидан намехоҳанд.

   Феълан як қисмат шаҳрвандони кишвар дар хориҷа бо роҳбарии хоҷагони худ, ки аз даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз намехостанд ва намехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосо рӯ ба беҳбудӣ ораду мардумаш оромона зиндагӣ ба сар баранд, имрӯз низ аз нияти хабиси худ нагаштаанд. Гуруҳҳои террористиву экстремистии ҲНИ ва дигар ташкилотҳои мамнуъро мақсадашон ноором кардани кишвари азизамон мебошад. Мақсади дигари роҳбарони ин созмонҳо дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад. Аз ин амали онҳо маълум мешавад, ки ин гурӯҳу гуруҳчаҳо барои ба даст овардани сарвату маблағи муфт тайёранд миллату давлати худро ба ночизтарин маблағ фурӯшанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷомеаи муосир дар радифи бисёр дастовардҳо, такмили қонуниятҳои давлатсозию давлатдорӣ бисёр муаммову таҳдидҳо ҷой доранд, ки ин омилҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.  Яке аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ ба сулҳу амнияти ҳуқуқбунёди Тоҷикистони азизи мо терроризм, радикализм ва экстремизм мебошад. Ташкилоти экстремистию террористии собиқ ҲНИ ҷуз ташкилотҳои террористӣ дигар чизе нест.     
        Бинобар ҳамин, моро  лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони ин созмони фитнаангезро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз  макру дасисаҳои навбатии душманони  миллат  огоҳ созем.
 
  Олимов Иброҳим - мудири шуъбаи таблиѓот ва иттилоот   КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ