ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶАҲОНИ МУОСИР МЕБОШАНД

Дӯстӣ: Вокуниш  

Имрӯз дар саросари ҷаҳон вазъияту шароите, ки  ба амал омадааст, самтҳои  афзалиятноки  сиёсати сарони  давлатҳоро  мубориза алайҳи терроризм ва  экстремизм  ташкил медиҳанд.   Пеш аз ҳама, экстремизм  сарчашмаи  амалҳои муғризонаи терроризм ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир ба   ин масъала, ки  дарди рӯз мебошад, чунин  иброз менамояд: «Имрӯз  терроризм  ва экстремизм  ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра  таҳдид карда  барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Тероризм  ва ифротгароӣ яке за зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани  оқибатҳои нохуш, ё таҳтиди конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият  ва аз они худ  кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи миллӣ, иҷтимоӣ ва диннӣ  мебошад.
Маҳз бо ин роҳу восита  мехоҳанд  дини мубини исломро  барои ба ҳадафҳои  нопоки худ расидан  истифода мебаранд. Аз ин рӯ аҳли ҷомеаро лозим аст, ки  дар байни ҷавонон  бештар корҳои  таблиғотиро ба роҳ монанд.  Мо бояд ба аҳли ҷомеа бифаҳмонем, ки  терроризм  ба дини мубини ислом рабте надорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо такрор  ва таъкид  мекунанд, ки террорист ватан, миллат, нажод  ва дину мазҳаб  надорад.  Дар чунин вазъият  ҳар як фарди соҳибмаърифат  ва алалхусус  падару модарро  масъулияти азим  мебояд, зеро  аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон  яке аз омилҳои мубориза бар зидди  падидаи нанговари  ҷомеаи имрӯза, терроризм  ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.  Ҷавонон  бояд фирефтаи даъватҳои бардуруғи гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд. Онҳо нерӯи бузурги  пешбарандаи  ҷомеа ба шумор  мераванд ва бояд ҳушёриву  зиракии сиёсиро  аз даст надода,  барои ҳимояи амнияти мамлакат,  Ваҳдати   миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи мамлакат кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханрониашон  дар Рӯзи дониш,  Дарси сулҳ ва оғози  соли нави таҳсил  таъкид карданд, ки «Зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум  ва дар навбати аввал  наврасону ҷвононро аз оқибати  равандҳои манфии муосир  огоҳ созем  ва онҳоро  аз таъсири  хатарноки ҳар гуна равияву  ақидаҳои бегона  эмин нигоҳ дорем».  Ин таъкиди Пешвои миллати мо, тамоми ҷомеа, зиёиён, ҳизбиён ва дигар масъулини соҳаи иҷтимоиву идеологиро  водор месозад, ки пеш аз ҳама, бо ташкил ва  гузаронидани  дарсҳои тарбиявӣ дар мавзӯҳои  Ватандӯстӣ, Зиракии сиёсӣ,  Хештаншиносӣ, Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва амнияту  ваҳдати миллӣ,  насли наврас ва ҷавонони ин ватанро омӯзиш дода дар роҳи сидқан дӯст доштани Тоҷикистони азизамон, мисли  гавҳараки чашм ҳифз  намудани кишварамон тарбия намоем, то онҳо фирефтаи доми  бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ:   Зоҳирзода Саймухтор