АРТИШИ МИЛЛӢ ПОЯИ УСТУВОР

Дӯстӣ: Созандагони ватан  

Имрӯз, 22 феврали соли 2024, дар асоси нақша-чорабиниҳои шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27-и ноҳия бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир гардид.

Қайд карда шуд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки мардуми Тоҷикистон дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда, ҳар як пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои арзандаи давлату миллатро дар сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илму маориф бо санаҳои хотирмон ҷашн мегирад.

Яке аз чунин санаҳо ин рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он дар ин давра ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст. Таъсисёбии Артиши миллӣ яке аз омилҳои муҳими ҳастии давлату миллат ба ҳисоб рафта, он собит менамояд, ки фарзандони ин сарзамини бостонӣ барои ҳифзи обу хок, боигарӣ ва дороии Ватани худ содиқ буданд ва ҳамеша содиқ мемонанд.