Баргузории Ниҳолшинонӣ ва тозагии муҳити зист

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 16.02.2024 дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ бо мақсади ободу зебо гардонидану ба "Кишвари Сабз" табдил додани Тоҷикистони биҳиштосо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки "20-солагии" Истиқлолияти ҶТ деҳаи Зафаробод ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳар рӯзи шанбе аз ҳисоби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, сокинони ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия ҳашари дастаҷамъона ташкил намуда дар корҳои ободониву созандагӣ, тозагии гирду атрофи маҳали худ, оромгоҳҳо, тоза намудани ҷуйборҳо аз партовҳои ғализ, нарм намудани зери гулу бутаҳо ва тозанамудани гулгаштҳо аз алафҳои бегона ва шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз саҳми босазои худро гузоранд.

Бо гузаронидани шанбегӣ дар маҳали худ мо метавонем дар ободу зебо ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.