СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ, БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати татбиқи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, дар самти рушд ва беҳтарсозии инфрасохтори соҳаи маориф имрӯзҳо аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ноҳияи Дӯстӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда, тибқи аксияи “Якҷоя месозем”, "Мактаби ман"-и ташаббусҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар як қатор деҳаву маҳаллаҳои ноҳия бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ босуръат идома дорад. Бо ин мақсад аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Нури Вахш низ тасмим гирифтанд бинои нави МТМУ №25-и ноҳияро сохта ба истифода диҳанд. Айни замон бо тариқи ҳашари дастаҷамъона дар ин кори хайр саҳм гузошта истодаанд.