КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛЛАВУ ДЕҲОТ ВУСЪАТ МЕЁБАНД.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳаллаву деҳотҳо, имрӯзҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳаҳои ноҳияи Дӯстӣ, корҳои ободонию ниҳолшинонӣ ва кандани ҷуйбору заҳкашҳо бо вусъат ҷараён дорад.

Бо иқдоми раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷ/д "Ҷиликӯл" Маҳмадалиев Баҳром, инчунин саҳмгузории сокинони маҳал, ҷонибдорони ҳизб дар ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл маркази ноҳия ҳашари умумӣ ташкил карда шуда, иштирокдорон ҷуйборҳо ва қубурҳои обгузар, инчунин ҷуйборҳои дохили маҳалу кӯчаҳои маркази ноҳияро тоза намуда ба мавсими нави обёрӣ омода намуданд.

Ҳамчунин шафати роҳи мошингузари марказро аз алафҳои хушкида ва партовҳо тоза намуда дарахтони атрофро ба тартиб дароварда, ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинониданд.