ҲАР ЯК ҶАВОН БОЯД ДАР МУБОРИЗАИ ИТТИЛООТӢ ЗИДДИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ФАЪОЛ БОШАД!

Дӯстӣ: Вокуниш  

Имрӯз дар ҷаҳони муосир иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ бисёр нақши калидиро доро мебошанд. Бо гузашти солҳо илму техника такмил ёфта, технологияҳои нави иттилоотӣ кашф гардида, дар асоси интернети умумиҷаҳонӣ истифода шуда истодааст. Дар ин раванд соҳаи сиёсат низ модернизатсия шуда, ҳам субъект ва ҳам объекти он ба ин падидаҳои муосир мутобиқ шудааст.

Имрӯз дар баробари рушду такмили соҳаи технологияи иттилоотӣ, самти амалиётҳои истихборотӣ низ тавсеаву таҳким ёфтаанд. Агар то асри 21 барои расонидани маълумоту иттилоотҳои муҳиму зарурӣ парандаву ҳайвонот ва техникаҳои мавҷиву садои истифода мешуданд, имрӯз ҷойгоҳи онҳоро техникаву технологияҳои замонавии ҳушманд гирифтааст. Аз ин рӯ, барои инсонҳо истифодаи техналогияҳои нави иттилоотӣ тариқи интернет бисёр муфид буда, ҳалли чандин мушкилиҳои онҳоро осон намудааст.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ дар равандҳои сиёсӣ ва бархурди манфиатҳо ингуна шароитҳои замонавиро ба манфиати худ истифода намуда истодаанд. Яъне, аз ҷангҳои физикии воқеӣ қариб, ки даст кашида, кӯшиш доранд манфиатҳои геосиёсиву геоиқтисодии худро дар минтақаҳои гуногун тариқи паҳн намудани иттилоотҳо амалӣ намоянд. Масалан, имрӯз давлатҳои абарқудрат, ки зарфияти бузурги иқтисодӣ доранд, дар минтақаи назари манфиаташон, созмону ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсӣ созмон дода, расонаҳои худӣ ташкил карда, тариқи барномаҳои телевизиониву интернетӣ хабару маълумотҳои дурӯғу тӯҳматро пахшу паҳн менамоянд. Дар натиҷа он давлати тарақикардаи ҷаҳонӣ ва дорои сарватҳои бузурги миллӣ ба мушкилотҳои сунъӣ рӯ ба рӯ шуда, мардум даст ба ҳамоишҳову изҳоротҳо зада ба кучаву хиёбонҳо мерезанд, низоми сиёсӣ фалаҷ гардида, табаддулоти муташаккил амалӣ карда мешавад. Пасон низоми давлатдорӣ аз байн рафта, иқтисод хароб гардида, сарватҳо ғорату мардум гурезаву сарсон шуда, сарзамини аҷдодии онҳо байни давлатҳои манфиатҷӯ тақсим мегардад.

Ин ҷумлаҳои бофта набуда, мо тули си соли охир таҷрибаи амалии чунин як равандҳову падидаҳои сиёсиро дар кишварҳои Сурияву Ироқ, Либияву Лубнон, Яману Алҷазоир, Гурҷистону Украина, Беларусу Қирғизистон ва Тоҷикистон (солҳои 90-ум) бо чашми худ дидаву мушоҳида намудем. Бинобар ин, барои давлатҳои манфиатхоҳ ҷону моли инсонҳо ва арзишҳои милливу муқадддаси онҳо муҳим набуда, танҳо дар пайи амали намудани ҳадафҳои худ мебошанд.

Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки Тоҷикистон низ як маротиба солҳои аввали соҳибистиқлоли ба чунин нақшаву барномаҳои гурӯҳу давлатҳои манфиатхоҳ дучор гардида, давлати нави миллии мо ба ҷанги таҳмилии бародаркӯш рӯ ба рӯ гардид. Аламовару хиҷолатомезаш он буд, ки душманон бо забону дасту пойи худи ҳаммилатони мо, нафарони ҳувиятбохтаву зархарид нақшаҳои бади худро амалӣ кардан мехостанд. Дар он ҳодисаҳо, иқтисоду иҷтимоиёт хароб гардида, низоми сиёсиву ҳарбӣ фалаҷ шуда, миллати тоҷик пароканда гардида, ҳудуди давлати миллии мо тақсиму нопадид мегардид. Вале бо сабаби ҳушёриву зиракии якқатор шахсиятҳои бонуфузу обрӯманди кишвари мо сади роҳи ин фоҷеаҳо гирифта шуд. Таҳти роҳбарии бевоситаи ақлу хиради Сарвари миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ҷанги бунёдсуз хомӯш карда шуда, сулҳу субот ва оромиву ободии ВАТАН таъмин карда шуд.

Махсусан, бояд таъкид намуд, ки имрӯз низ бадхоҳони миллати мо “луъбати” дасти давлатҳои манфиатхоҳи кишвари мо гардида, барномаву лоиҳаҳои онҳоро ба хотири пулу мол амалӣ карда истодаанд. Имрӯзҳо навнаҳзатиҳои фурухташуда ва гурӯҳакҳои дигаре, ки дар кишварҳои Аврупову Амрико қарор доранд, шабу рӯз тариқи дору дастгоҳҳои душманони миллат хабару маълумотҳои дурӯғу бофтаро паҳну пахш карда истодаанд. Он расонаҳои иттилоотӣ ва саҳифаҳои интернетие, ки дар шабакаҳо аз ҷониби навнаҳзатиҳо фаъоланду м.кабирӣ, м.садриддин, б.тағойзода, ҳ.ашуров ва дигарон пеш мебаранд, аз ҷумлаи нақшаву барномаҳои зиддимилливу зиддидавлатии мо аз ҷониби гурӯҳу давлатҳои манфиатҷӯ маблағгузорӣ карда мешаванд. Ҳатто диққат карда бошед, ҳамкориҳои ин террористҳо бо созмону ҳаракатҳои террористии Толибону Ансоруллоҳ ва Алқоида ошкор карда шуданд, чун дар суханрониву барномаҳои худ ба тавсифу ташвиқи идеологияи онҳо машғуланд. Инчунин, кулли навнаҳзатиҳо андешаҳои асримиёнагӣ дошта, мехоҳанд, идеологияи ифротиву террористии динии худро дар кишвари мо паҳн кунанд.

Вале фаромӯш кардаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати солҳои аввали истиқлолият набуда, имрӯз яке аз давлатҳои қавии минтақа мебошад. Тоҷикистон ҳам аз назари сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам аз назари ҳарбиву низомӣ қудратманд гардидааст. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки кишвари мо зарфияти қавии мубориза зидди ҳаргуна ҷангҳои иттилоотиро дорад. Ва аз ҳама гуна, нақшаву барномаҳои навнаҳзатиҳои фурухташуда огоҳ аст ва намегузорад, ки бори дигар мардуми тоҷик ба ҷангу хунрезӣ кашида шавад.

Бинобар ин, мебояд, ки ҳар як ҷавони огоҳ ва шахсиятҳои миллии мо дар ин муборизаи иттилоотӣ фаъол шуда, бо посухҳои қавии исботшуда ва писанду бознашрҳои мусбии кишвар зидди душманони миллат паҳну пахш намоянд.

Маҳмадназарова Зубайда- котиби ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён" ноҳияи Дӯстӣ