Баргузории аксияи Ниҳолшинонӣ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ бо мақсади ободу зебо гардонидану ба "Кишвари Сабз" табдил додани Тоҷикистони биҳиштосо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти "Нури Вахш" ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳар рӯзи шанбе аз ҳисоби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, сокинони ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия ҳашари дастаҷамъона ташкил намуда, дар корҳои ободониву созандагӣ, тозагии гирду атрофи маҳали худ, тоза намудани ҷуйборҳо аз партовҳои ғализ, нарм намудани зери гулу бутаҳо ва тоза намудани гулгаштҳо аз алафҳои бегона ва шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз саҳми босазои худро гузоранд.

Бо гузаронидани шанбегӣ дар маҳали худ мо метавонем дар ободу зебо ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.