ГУЗОШТАНИ САҲМИ БЕАНДОЗА ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДКОРӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи ташкилотҳо, муассисаҳо ва коргоҳҳо ба худи инсон вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ташкил намуда ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании ҳар як гӯшаву атрофи сарзаминамон саҳмгузор бошед.

Ба ҳамин хотир аъзоёну ҷонибдорони тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия, бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниҳои сиёсиву давлатӣ дар самти корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ шанбегӣ доир намуда истодаанд. Боиси қайд аст, ки аъзоёни ҳизбӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани гузаргоҳҳои дохиливу беруни ва гирду атроф, нарм намудани заминҳову канори дарахтон дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва боз ҳам зеботар намудани зистгоҳҳои худ пайваста саҳми арзанда мегузоранд.