Созандагӣ мароми мост!

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободонию созандагӣ сокинони деҳаи Кӯҳдомани ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикситон купруки ҳудуди деҳаро таъмиру тармим ва азнавсозӣ карда истодаанд. Чунин иқдом аз фаъол будани сокинон ва ҳисси баланди ватандӯстии онҳо шаҳодат медиҳад, ки дар пешрафти сарзамини аҷдодӣ саҳми басо муҳим мегузоранд.