ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ОБОДИИ МАҲАЛ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тоза намудани ҷуйбору заҳкашҳо, бо об таъмин намудани заминҳои корам ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти Нури Вахш дар асоси нақша чорабиниҳо чораҳои зарури андешида шуда, бо сокинонва аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ ҳашари дастаҷамъона ташкил намуда баҳри ободию созандагӣ ва пешрафти маҳал ҷуйбору заҳкашҳоро тозаю озода намуда истодаанд.

Дар ин ҳашар мардум фаъолона ширкат варзида 2 км ҷуйбору заҳкашро канда тоза карданд ва дар ин самт корҳо идома доранд.