ОҒОЗИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ -25, НОҲИЯИ ДӮСТӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки раиси ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Даврон Назаралӣ дар назди муассисаи таълимии 25- ноҳияи Дӯстӣ, ки дар  деҳаи Нури Вахши Ҷамоати деҳоти Нури Вахш воқеъ гардидааст, сохтмони бинои иловагии мактаб ки аз шаш синфхона иборат мебошад  оғоз карда шуд.

Сохтмони ин синфхонаҳои навбунёд бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти "Нури Вахш"   ва бо саҳмгузории сокинони деҳа, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб, шахсони саховатманди деҳаи Нури Вахш, бунёд ёфта истодааст.
Дар ин рӯз раиси ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Даврон Назаралӣ, раиси ташкилоти ибтидои ҳизбии деҳоти  "Нури Вахш"  Турдиев Амондавлат, сокинони маҳал, кормандони техникии муассиса ва дигар шахсони саховатпеша тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона корҳои сохтмониро ҳусни оғоз бахшиданд.
Ташаббускорони ин иқдоми наҷиб азм доранд, ки то оғози соли нави хониш синфхонаҳои иловагиро пурра сохта рангу бор намуда, ба истифодаи хонандагон супоранд.
Албатта, бунёди ин синфхонаҳои иловагӣ туҳфаи хубе ба ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагону омӯзгорони муассиса мебошад.
Дар сохтмони синфхонаҳо сокинони деҳаи Нури Вахш, омӯзгорони мактаб ва раиси Ҷамоати деҳоти Нури Вахш саҳми калон гузошта истодаанд. Акнун хонандагони ин деҳаи дурдаст имкон пайдо менамоянд, ки дар оянда дар синфхонаҳои наву замонавӣ таҳсил намоянд.