БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ "РӮЗИ ЁДОВАРӢ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби роҳнамо ва пешоҳанг дар байни ҷомеа ба ҳисоб рафта бо  ташаббусҳои созандаи худ миёни сокинони мамлакат нуфузу эътибори хосса дорад. Аз ҳамин лиҳоз ташаббусҳои ҳизбӣ дар самти корҳои ободонию созандагӣ аз ҷониби сокинони маҳал дастгирии амиқ ёфта мардум бо ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона дар пешрафт ва ободии маҳалли худ саҳм мегузоранд.
Санаи 28.01.2024, чунин иқдом дар доираи ташаббуси ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" аз ҷониби Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД ноҳияи Дӯстӣ, Исмоилов Исматулло дар оромгоҳи деҳаи Лоиқ Шералии Ҷамоати деҳоти Нури Вахш гузаронида шуд.
Дар ин чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳия, раиси ташкилоти ибтидоии деҳоти "Нури Вахш" Турдиев Амондавлат, аъзоёну тарафдорони ҲХДТ, сокинони деҳаи Лоиқ Шералӣ ва имомхатибон фаъолона иштирок намуданд.
Иштирокдорони ин ташаббус атроф ва дохили оромгоҳи деҳаро аз алафҳои бегона тоза намуда зиёда 200 адад дарахтони соядиҳанда, ороишӣ ва гули садбарг шинониданд.