ИДОМАИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ ВАКИЛОН БО СОКИНОН ҶИҲАТИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 26.01.2024, бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Ҳуснигул Раҷаб ва раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон Назаралӣ, бо сокинони ҷамоати деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстӣ, суҳбату вохӯрӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор карда шуд.

Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, Саидзода Нурмуҳаммад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз ва раиси Шӯрои собиқадорони ҳизби ноҳияи Дӯстӣ, Сафарзода Мирзосафар иштирок доштанд.
Зимни баромади худ  Одиназода Ҳуснигул, бандҳо ва нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дод.
Номбурда қайд намуд, ки таваҷҷуҳи давлату ҳукумат, хусусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи халқи шарифи Тоҷикистон хеле зиёд буда нисбати ин соҳаҳо ҳамасола ғамхории бештар зоҳир менамоянд.
Натиҷаи чунин ғамхориҳо ба сокинони мамлакат мебошад, ки қариб ҳамасола музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ ва нафақапулиҳо зиёд карда мешавад.
Тавре дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки аз моҳи январи соли 2024, музди меҳнати кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз зиёд ва аз моҳи июли соли ҷорӣ музди меҳнати омӯзгорон, табибон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони фарҳангу варзиш ва стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда мешаванд.
Ҳамчунин дар ин баробар аз моҳи июли соли 2024 нафақаи пиронсолон низ 40 фоиз зиёд карда мешавад.
Сипас раиси ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Даврон Назаралӣ баромад карда иброз дошт, ки сокинони ноҳияи Дӯстӣ дастуру супоришҳо ва Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ карда, аҳлона меҳнат намуда дар ободии маҳалли худ ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Инчунин вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Саидзода Нурмуҳаммад ва дигар шахсони масъул низ баромад карда вобаста ба корҳои ободонию созандагӣ, ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати халқу миллат ва ба истифода додани як қатор сохтмонҳои соҳаи  маориф, тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ дар ноҳияи Дӯстӣ суханронӣ карда, миннатдории худро баён намуданд.
Дар навбати худ иштирокдорони ин вохӯрӣ низ фикру андешаҳои худро баён намуда ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.