БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ БО ИШТИРОКИ ВАКИЛОНИ НОҲИЯВӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амалӣ гардонидани Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "СОАТИ СИЁСӢ" имрӯз аз ҷониби Вакилони ҳизбӣ ва як қатор фаъолону собиқадорони меҳнат дар Муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ бо ҷавонон ва хонандагони синфҳои 10 - 11 Соати сиёсӣ баргузор карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории "СОАТИ СИЁСӢ" ин пеш аз ҳама бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ дар дили ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ мебошад.
Чунин иқдом имрӯз дар Гимназияи давлатии ноҳияи Дӯстӣ, бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ  Ҷалолов Абубакр ва омӯзгори соҳибтаҷриба Ҷоншоев Бунёд бо хонандагони ин муассиса доир карда шуд.
Зимни суҳбат вобаста ба мавзӯъҳои  эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва "Тоҷикистонро ба кишари сабз табдил медиҳем" мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуд.