Амалишавии кишвари сабз вусъат ёфтаистодааст

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сарсабзу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи ватани азизамон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ ва дигар сокинони маҳал шанбегӣ ва ниҳолшинонӣ баргузор карда мешавад.

Чунин чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ иқдом гирифта, дар ҷамоати деҳоти Нури Вахш баргузор карда шуд.

Дар ин чорабинӣ аъзоёну ҷонибдорони ҳизб фаъолона иштирок намуда зиёда аз 200 бех ниҳоли арча, ҳамешасабз ва дарахтони сояафкан шинониданд.