БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ шанбегӣ баргузор карда шуд.  Дар чорабинии мазкур раис ва кормандони Кумитаи иҷроия дастаҷамъона иштирок карда, гирду атрофи бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ аз алафҳои бегона тоза карда шуд ва замини назди бинои Кумита нарм карда шуда гулгаштҳои он ба тартиб дароварда шуд.

Ҳамзамон дар дигар ташкилотҳоиибтидоии ҳизбии маркази ноҳия чунин шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд, ки иштирокдорон партовҳои шафати роҳи марказиро тоза намуда ниҳолҳои сузанбарг ва ороишӣ шинониданд.