Маъракаи ниҳолшинонӣ ва тозагӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "ЛКТ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Литсейи Касбии Техникӣ"- и ноҳия, ҷиҳати ободу зебо намудани боз яке аз гӯшаҳои диёрамон маъракаи ниҳолшинонӣ ва тозагӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ кормандон, аъзоён, ҷонибдорони ҲХДТ ва волонтёрони ТҶҶ "Созандагони Ватан" фаъолона иштирок доштанд.

Дар ин чорабинӣ ҳамагӣ 50 адад арчаҳои ороишӣ шинонида шуд. Қайд гардид, ки ниҳолшинонӣ яке аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон мерос мондааст. Аз ин хотир дар мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ба як иди ҳақиқӣ табдил ёфта, шаҳрвандон дар он фаъолона иштирок намуда, ҳисси ватандӯстии нишон медиҳанд.