ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АЗ ҶОНИБИ СОКИНОН ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем" миёни сокинони маҳаллаву деҳаҳои ноҳия ҳамовозии зиёде пайдо кардааст. Дар ҳамин доира корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ҳудуди маҳаллаҳову деҳаҳои ноҳия идома доранд.

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иқдом дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Ҳаёти нав" Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод хуб ба роҳ монда шуда, сокинони ин деҳа кучаҳоро сангфарш ва пулҳои мошингузари деҳаашонро таъмир намуда истодаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ин дар як вақт идомаи корҳои оғозгардида ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда, дар самти таъмини инфросохтори деҳаву маҳал, таъмири роҳ, истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини хоҷагӣ, наздиҳавлигӣ, таъмини тозагии муҳит, кабудизоркунии маҳал, ҷалби соҳибкорони ватанию бурунмарзӣ ва дар маҷмуъ беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад.