АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР ҚИСМИ НИЗОМӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар идомаи курси бозомӯзӣ, ки бо иштироки раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ, ки дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд баргузор гардида истодааст, раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо баҳри шиносоӣ бо шароити хизмати сарбозон аз қисми низомии 05170, дар шаҳри Панҷакент дидан намуданд.
Аз ҷумла, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз бо ду нафар сарбозон, Шарифзода Муҳаммад ва Норқучқоров Исомурод, ки аз ноҳияи Дӯстӣ дар қисми низомии мазкур хизмат мекунанд, суҳбату вохӯрӣ доир намуда, ба онҳо барои содиқона хизмат намудан ба Ватан-Модар миннатдории худро баён кард.